Skip to content

BlackBerry Passport SQW100-3 Smartphone

RGV161LW

Маълумот оиди бехатарӣ

Пеш аз оғози истифодабарии смартфони BlackBerry (инчунин ҳамчун смартфон номида мешавад), маълумоти муҳими оиди бехатарӣ ва маълумоти нормативӣ дар ин ҳуҷҷат хонед. Ин ҳуҷҷатро дар ҷои мӯътабаре нигоҳ доред, то агар дертар лозим шавад, ӯро дастрас намоед.

Баъзе давлатҳо метавонанд истифодаи дастгоҳҳои дорои Bluetooth ё нармафзори рамзбандии иттилоот иҷозат надиҳанд. Аз ҳукумати маҳалли худ оиди маҳдудуиятҳо маслиҳат пурсед.

Барои гиритфани маълумоти оиди бехатарӣ ва маҳсулот, ба www.blackberry.com/safety гузаред.

Барои гиритфани маълумоти охирин оиди кафолат, ба www.blackberry.com/legal гузаред.

Меъёрҳои эҳтиётии муҳим

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Танҳо батарея ва қуввадиҳандаҳои барои смартфони шумо тасдиқшуда истифода намоед. Истифодаи батарея ва қуввадиҳандаҳое, ки аз тарафи BlackBerry тасдиқ нашудаанд, метавонад сабаби хатари сӯхтор ё таркиш шавад, ки метавонанд сабаби зарари ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шаванд.

Танҳо ҷилдҳои тасдиқшудаи BlackBerry истифода намоед. Истифодаи ҷилдҳое, ки аз ҷониби BlackBerry тасдиқ нашудаанд, метавонанд смартфони шуморо берун аз стандартҳои барориши басомади радиоӣ ба кор дароранд.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфонро дар масофаи на кам аз 0,59 дюйм (1,5 см) аз бадани худ нигоҳ доред. Ҳангоми гардонидани смартфон дар бадан, танҳо лавозимоти дорои тиргаки тасмагӣ истифода намоед ва агар лавозимот бо BlackBerry таъмин нашуда бошад, мутмаин шавед, ки лавозимот металлро дар бар намегирад. Агар шумо дастурҳои мазкурро риоя накунед, смартфони шумо метавонад стандартҳои таъсири афканишоти радиоии басомадро афзояд. Таъсирҳои саломатӣ аз афзоиши стандартҳои таъсири афканишоти радиоии басомад то ҳол мавзӯи илмии ҳозиразамон мебошад.

Барои маълумоти бештар оиди мувофиқати ин смартфон ба дастури FCC оиди афканишҳои радиоӣ, ба www.fcc.gov/oet/ea/fccid гузашта, идентификатори FCC‑и смартфони худро аз рӯйхати зерин ёбед. Идентификатори FCC дар пушти смартфони шумо ҷойгир аст.

  • Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (намунаи рақами RGV161LW): FCC ID L6ARGV160LW
Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфони шумо барои кор дар ҳароратҳои 32 ва 95°F (0 ва 35°C) истеҳсол карда шудааст. Истифодаи смартфони шумо берун аз доираи ҳароратҳои тавсияшуда метавонад ба смартфони шумо ё батареяи литий‑ионии ӯ зарар расонад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Ба смартфони худ барои иртиботи фавқулода умедвор набошед. Шабакаҳои алоқаи бесиме, ки барои амалӣ кардани тамоси таъҷилӣ ё равон кардани паёмҳо дар ҳама минтақаҳо дастрас намебошанд, ва рақамҳои таъҷилие, ба монанди 911, 112 ё 999, метавонанд шуморо ба хидматҳои таъҷилии ҳамаи минтақаҳо пайваст карда натавонанд.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфон ва лавозимоти смартфони шумо барои истифода бо кӯдакон мувофиқ нест. Агар ба кӯдак иҷозат диҳед, ки смартфон ва лавозимоти смартфони шуморо истифода барад, мутмаин шавед, ки кӯдаки худро бодиққат назорат мекунед. Смартфони шумо қисмҳои хурде дорад, ки метавонанд ба кӯдакон хатари гулӯгирӣ оранд.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфони худро аз таҷҳизотҳои тиббӣ, инчунин кардиостимуляторҳо ва смартфонҳои шунавоӣ, дур нигоҳ доред, зеро онҳо метавонанд нодуруст кор карда, ба саломатии дигарон зарар орад ё сабаби марг шавад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфони худро дар тамос бо ашёҳои моеъ нагузоред, зеро ин метавонад расиши кӯтоҳ, сӯхтор ё зарби электрикӣ ба вуҷуд орад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Ҳангоми истифода бурдани баландгӯяки смартфони худ, ҳеҷ вақт смартфони худро дар назди гӯшатон надоред. Ин метавонад сабаби зарари ҷиддӣ ва доимӣ ба шунавоӣ шавад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Таъсири милт-милти чароғакҳои смартфони шумо метавонад хуруҷи бемории саръ ё беҳуши оварда ба шумо ё дигарон зараровар бошад. Агар шумо ё дигарон бо сабаби истифода бурдани смартфони беҳолӣ, беидрокӣ, ларзиш, рагкашӣ ё ягон ҳаракатҳои беихтиёрона аз сар гузаронед, истифодаи смартфони худро дарҳол қатъ намоед ва ба духтур муроҷиат намоед. Чароғаки огоҳии LED дар пеши смартфони шумо, дар кунҷи рости боло ҷойгир аст. Агар смартфони шумо камера дошта бошад, макони чароғаки LED-и камера дар пушти смартфони шумо, аз боло ё поёни линзаи камера ҷойгир аст. Агар шумо ба хуруҷҳои бемории саръ ё беҳушӣ моли бошед, пеш аз истифодаи смартфони худ, аз духтури худ маслиҳат пурсед.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфони худро ҳангоми рондани мошин истифода набаред, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ истифодаи смартфонро дар реҷаи "дастҳои озод" иҷозат медиҳад. Истифодаи смартфон, ҳангоми рондани мошин, метавонад шумо ва дигаронро зери хатари садама бо ҷароҳатҳои ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк дучор намояд.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфонро дар ҳузури бухорҳои газ истифода накунед, зеро ин метавонад хатари сӯхтор ё таркишро ба миён орад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфони худро ба оташ напартоед, зеро таркише метавонад ба миён ояд, ки метавонад сабаби ҷароҳати ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шавад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Ҳангоми ҳузур дар ҳавопаймоҳо, смартфони худро хомӯш намоед. Истифодаи смартфон дар ҳавопаймо метавонад ба таҷҳизот, иртибот ва фаъолияти ӯ таъсир намуда, ба кори шабака халал расонад ё ба тариқи дигаре барои ҳавопаймо, экипаж ва мусофирон хатарнок бошад ва ғайриқонунӣ бошад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфонҳо метавонанд шарорадиҳанда бошанд ва дар ҳузури бухорҳо, чанг ва моддаҳои кимиёвии таркандаи дигар истифода бурда нашаванд. Шарорае дар ин гуна ҷойҳо метавонад таркиш ё сӯхторе ба миён орад, ки сабаби ҷароҳати ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шаванд.

Истифодаи бехатари смартфони худ

  • Ба болои смартфони худ ҷисмҳои вазнин нагузоред.
  • Дастгоҳи худро мустақилона таъмир ё тағир надиҳед.
  • Ба дохили сӯрохҳои смартфони худ, агар бо ҳуҷҷатҳои смартфони BlackBerry, ки аз тарафи таъмин карда мешаванд, талаб карда нашавад, чизе наандозед ва бо чизе онҳоро напӯшонед. Ин амал метавонад расиши кӯтоҳ, сӯхтор ё зарби электрикӣ ба вуҷуд орад.
  • Ашёҳои тезро дар болои экран истифода набаред.
  • Ба экран фишори зиёд нагузоред.
  • Смартфон ё лавозимотҳои смартфони худро дар наздикии об истифода набаред (мисол дар назди ванна, дастшӯяк, таҳхонаи нам ё ҳавз).
  • Смартфон ё лавозимотҳои смартфони худро дар сатҳи номустаҳкам нагузоред. Смартфон ё лавозимотҳои он метавонанд афтида, ба шахсе ё ба худи смартфон ё лавозимоти он зарари ҷиддӣ оранд.
  • Экрани смартфони шумо аз шиша эҷод карда шудааст. Шиша метавонад шикаста шавад, агар смартфони худро ғалтонед ё ба шиша қувваро татбиқ кунед. Агар шикаста ё харошида шавад, шишаро ламс накунед, то вақте ки экран таъмир карда нашавад.
  • Ҳангоми истифодаи смартфон худ зуд-зуд танаффус намоед. Агар дар гардан, китф, даст ё панҷаҳои худ (инчунин, ангӯштон), ҳангоми истифодаи смартфони худ, нороҳатӣ ҳис намоед, истифодаро якбора қатъ намоед. Агар нороҳатӣ аз миён наравад, ба табибе муроҷиат намоед.
ОГОҲӢ:
Дастгоҳи шумо дорои маҳсули "Class 1 LED laser" мебошад. Истифодаи ҷузъҳои идоракунӣ, танзимотҳо ё тартибҳое, ки аз онҳое, ки дар тарҳи маҳсул/санҷиш пешбинӣ шудаанд, метавонанд сабаби радиатсияи лазерии LED дучоршавӣ ба таъсири хатарноки радиатсионӣ/барқӣ шавад.

Бехатарии электрикӣ

Агар қуввадиҳандагони DC ё AC-ро истифода баред, смартфонро бо лавозимоти қуввадиҳандае, ки бо BlackBerry таъмин мешаванд ё аз тарафи BlackBerry махсус барои истифода бо ин смартфон тасдиқ шудаанд, қувват диҳед. Истифодаи ягон намуди қуввадиҳандаи бесими дигаре, ки ба талаботи эътиборсанҷии CTIA барои мувофиқати системаҳои батареяи IEEE Std 1725 мувофиқат мекунад, истифода набаред, зеро ки он метавонад сабаби хатари сӯхтор, таркиш, хароб шудани батарея шавад, ки метавонанд сабаби зарари ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шаванд.

Тасвири тамғаи Qi Қайдҳои гувоҳиномаи Power Matters Alliance

Ин смартфон дорои гувоҳиномаи Qi ва Power Matters Alliance (PMA) барои истифода бо қуввадиҳандаи бесим мебошад. Танҳо он системаҳои қуввадиҳандаи бесими тарафҳои сеюмро истифода баред, ки ба талаботи гувоҳиномаи Qi ё PMA ҷавобгӯ мебошанд ва қайдҳои гувоҳиномаи Qi ё PMA доранд. Истифодаи ягон намуди қуввадиҳандаи бесими дигар метавонад сабаби хатари сӯхтор, таркиш, хароб шудани батарея шавад, ки метавонанд сабаби зарари ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шаванд.

Барои дидани рӯйхати қуввадиҳандагони бесиме, ки дорои гувоҳиномаи Qi мебошанд, ба www.wirelesspowerconsortium.com/products/ гузаред.

Ягон объекти дигар ба сатҳи қуввадиҳандагони бесим намонед, зеро ки чунин объектҳо метавонанд сабаби хатари сӯхтор шаванд.

Намунаҳои лавозимоти қуввадиҳандаи барои смартфони BlackBerry Passport тасдиқшуда:

Симҳои қувватдиҳӣ: HDW-50071-001, HDW-50071-002, HDW-50071-003, HDW-50071-004, HDW-51800-001, HDW-51800-002, HDW-59105-001, HDW-62449-001, HDW-62449-002

Қуввадиҳандаҳои AC: HDW-58920-001, HDW-58921-001, HDW-58922-001, HDW-58923-001, HDW-58924-001, HDW-58925-001, HDW-58926-001

Қуввадиҳандаҳои батарея: HDW-54535-001

Танҳо лавозимоти қуввадиҳандае, ки якҷоя бо смартфон таъмин мешаванд ё бо BlackBerry тасдиқ шудаанд, истифода баред ва манбаи қувваи барқро мувофиқи тамғакоғази лавозимот интихоб намоед. Пеш аз истифодаи манбаи барқ, дида бароед, ки шиддати барқ ба шиддати дар лавозимоти қуввадиҳандаи ишорашуда мувофиқ аст. Смартфонро танҳо ба адаптерҳои бо CTIA тасдиқшуда, маҳсулоте, ки аломати USB-IF доранд, ё маҳсулоте, ки барномаи мувофиқати USB-IF-ро гузаштаанд пайваст намоед.

Васлакҳо ва дарозукунандаҳои электрикиро барзиёд кор нафармоед, зеро ин метавонад сабаби сӯхтор ё зарби электрикӣ шавад. Барои кам кардани хатари вайроншавии сим ё вилка, ҳангоми гирифтани лавозимоти қуввадиҳанда аз васлак ё дарозкунандаи электрикӣ, ба ҷои сим худи вилкаро кашед.

Зеркунӣ ё фишурдани симро, махсусан дар наздикии дарозкунаки электрикӣ ва он ҷои симе, ки ба смартфон пайваст мешавад, пешгирӣ намоед. Сими қуввадиҳандаро тарзе ҷойгир кунед, ки ба дигарон хатари ҷароҳат, ба монанди гулӯгирӣ ё пешпоӣ, нашаванд. Ҳангоми раъду барқ ё таваққуфе, ки лавозимоти қуввадиҳандаро истифода набаред, ӯро аз васлак гиред. Лавозимоти қуввадиҳандаро дар берун ё минтақаҳои ба элементҳо гирифтор истифода набаред.

Барои гирифтани маълумоти бештар оиди пайвасткунии лавозимоти қуввадиҳанда, ҳуҷҷатҳоеро, ки якҷоя бо смартфони шумо таъмин карда мешавад, аз назар гузаронед.

Барои харидорӣ намудани лавозимотҳо барои смартфони худ ба таъминкунандаи хизматрасониҳои алоқаи бесими худ муроҷиат намоед ё ба www.shopblackberry.com гузаред.

Бехатарии батарея

Смартфони шумо батареяи литий-ионии ҷудошавандае дорад. Кӯшиш накунед, ки батареяро ҷудо кунед. Ҷудо кардани батарея кафолати маҳдуди смартфони шуморо барҳам медиҳад, ва метавонад сабаби вайроншавии батарея гардад.

Истифодаи нодурусти батарея метавонад сабаби хатари сӯхтор, таркиш ё дигар сӯхтаи кимиёвӣ шавад. Батареяро дар тамос бо моеот нагузоред. Батареяро аз 140°F (60°C) зиёд гарм накунед. Гармкунии батарея ба ҳарорати баланд аз 140°F (60°C) метавонад сабаби сӯхтан ё таркиши ӯ шавад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Смартфон ва батареяи онро ба оташ ё гармии беруна, ба монанди плитахои гарм, болои бухорӣ, гармидихандахо ё танур наздик намонед зеро ин оташсузи ё таркишро ба амал оварда метавонад.

Ин диаграмма ҷузъҳоеро, ки дар матни зерин фаҳмонда дода мешаванд, нишон медиҳад.

Ба дохили батареяи худ ашёҳои бегона наандозед. Батареяро барқарор, тағйир, пачақ, сурох, қат, ба қисмҳо ҷудо накунед ва набуред. Агар батарея барқарор, пачақ, сурох, тағйир ё ба қисмҳо ҷудо карда шуда бошад ё ба тариқи дигаре тағйирот ёфта бошад, истифодаи ӯро дарҳол қатъ намоед.

Батареяро расиши кӯтоҳ накунед ва расидани ашӣёҳои металлӣ ё ноқили барқ ба нӯқтаҳои пайвасти батарея пешгирӣ намоед.

ОГОҲӢ:
Кӯшиш накунед, ки батареяро ҷудо кунед. BlackBerry батареяҳоро барои истифода бо смартфонҳо мутобиқи IEEE Std 1725 таъин мекунад. Истифодаи ягон намуди батареяи дигар метавонад сабаби хатари сӯхтор, таркиш, хароб шудани батарея ё заряди ҷиддии дигар шавад. Лутфан, мутмаин шавед, ки батареяҳои истифодашуда мутобиқи дастурҳое, ки дар ин ҳуҷҷат пешбинӣ мешаванд, партофта мешаванд.
Нишонаи вуҷуднабудани батарея Нишонаи хатои батарея

Пайдо шудани ин аломат дар смартфони шумо, маънои онро дорад ки бо пайвсти батарея ё худи батарея хато ба вуҷуд омад. Смартфонии худро ба устоҳои боихтисос барои таъмир супоред.

Ҳаракати бехатар

Ҳангоми рондани мошин смартфони худро истифода набаред. Тамоми аҳамияти худро ба рондан диҳед. Ҳаракати бехатар ӯҳдадории аввалини шумост. Шумо барои донистан ва итоат кардан ба қонуну қоидаҳо оиди истифодаи дастгоҳҳои алоқаи бесим дар маҳалҳое, ки ҳаракат мекунед, ҷавобгӯ мебошед.

Смартфони худро ба ҷои бехатаре гузошта, пас рондани мошинро идома диҳед. Агар мошини шумо бо болиштҳои амниятӣ таъмин шуда бошад, смартфони худро ё ягон лавозимотро дар болои болиштҳои амниятӣ ё дар фазои фаъолияти болиштҳои амниятӣ нагузоред. Агар болишти амниятӣ кор кунад, ҷароҳатҳои ҷиддие метавонанд ба миён оянд.

Сигналҳои авҷи радиоӣ метавонанд ба системаҳои электронии мошин, ки нодуруст насб шудаанд ё аз халалҳои радиоэлектронӣ ҳифз нашудаанд, таъсир намоянд. Оиди ин масъала ба истеҳсолкунандаи нақлиёт ё намояндаи ӯ муроҷиат намоед. Агар ягон таҷҳизоте ба мошини шумо илова карда шуда бошад, инчунин бояд аз истеҳсолкунандаи ӯ оиди таъсири сигналҳои авҷи радиоӣ маълумот гиред.

Смартфони худро, ҳангоми ҳаракат ё амалиёте, ки тамоми таваҷҷӯҳи шуморо талаб менамояд инстифода набаред. Парешонӣ дар ҳаракат ё хатарҳои пиёдагарди дигар метавонанд сабаби зарари ҷиддӣ, марг ё зарар ба молу мулк шавад.

Лавозимотҳо

Танҳо лавозимоте, ки бо BlackBerry барои истифода бо ин смартфони махсус тасдиқ шудааст, истифода намоед. Истифодаи ягон лавозимоте, ки тасдиқ нашудааст метавонад ҳар гуна тасдиқот ё кафолат нисбати смартфони додашударо барҳам диҳад ва истифодаи ин смартфонро хатарнок намояд.

Лавозимоти овезон: Смартфони шумо метавонад якҷоя бо ҷилд (лавозимоти пӯшидашаванда) таъмин шавад. Агар шумо смартфони худро дар бадан гардонед, ҳамеша смартфони худро дар дохили ҷилди тиргаки тасмагӣ доштаи смартфон, ки бо BlackBerry тасдиқ шудааст ҷойгир кунед. Агар шумо ҳангоми гардонидани смартфон, ҷилди тасдиқшудаи дорои тиргаки тасмагӣ, ки бо BlackBerry таъмин ё тасдиқ шудааст истифода набаред, смартфони худро аз бадани худ, ақаллан 0,59 дюйм (15 мм) аз бадани худ ҳангоми мубодилаи иттилоот аз тарафи смартфон нигоҳ доред. Ҳангоми истифодаи ягон намуди ирсолкунии иттилоот дар смартфони ‑и худ (мисол, номаҳои электронӣ, паёмҳои PIN, MMS ё браузер) бо истифодаи сими USB ё бе ӯ, смартфони худро аз бадани худ дар масофаи 0,59 дюйм (15 мм) аз бадани худ нигоҳ доред. Истифодаи лавозимоте, ки бо BlackBerry тасдиқ нашудааст метавонад сабаби он шавад, ки смартфони шумо стандартҳои таъсири афканишоти радиоии басомадро афзояд. Таъсирҳои саломатӣ аз афзоиши стандартҳои таъсири афканишоти радиоии басомад то ҳол мавзӯи илмии ҳозиразамон мебошад. Барои маълумоти бештар оиди таъсири афканишоти радиоии басомад, фасли "Маълумот оиди мувофиқат"‑и ин ҳуҷҷатро бинед.

Бисёри ҷилдҳои тасдиқшуда BlackBerry барои смартфонҳо (мисол, ғилофҳо, халтачаҳо ва қапчуқҳо) дар таркиби сохти худ оҳанрабо дарбар мегиранд. Чизҳое, ки хати магнитӣ доранд, ба монанди кортҳои дебетӣ, кортҳои кредитӣ, кортҳои калидии меҳмонхонаҳо, кортҳои телефонӣ ё чизҳои монанд, ба назди чунин ҷилдҳо нагузоред. Оҳанрабо метавонад иттилооти дохили хати магнитиро хароб ё нест кунад.

Магнитометр

Cмартфони шумо магнитометрро дар бар мегирад. Магнитометр бо барномаҳое, ба монанди Қутбнамо, истифода бурда мешавад. Оҳанрабоҳо ё смартфонҳое, ки оҳанрабо дар бар мегиранд, ба монанди ғилофҳо ё гӯшпӯшакҳо метавонад ба саҳеҳии магнитометр таъсир намоянд. Барои муайян кардани макони худ танҳо ба барномаҳое, ки магнитометрро истифода менамоянд, умедвор нашавед.

Воситаҳои ахбороти оммавӣ

Дар баъзе давлатҳо истифодаи баъзе хусусиятҳои смартфони шумо манъ аст. Ҳангоми гирифтан, коркард ва истифодаи аксҳо ҳамаи қонунҳо, қоидаҳо, тартибҳо ва сиёсатҳоро риоя намоед, инчунин ҳуқуқи муаллифи мувофиқ, махфияти шахсӣ, сири тиҷоратӣ ё қонунҳои амнияте, ки бо қонунгузории давлати шумо иҷозат дода мешавад. Ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром кунед. Муҳфизати ҳуқуқи муаллифӣ метавонад шуморо аз нусхагирӣ, тағирдиҳӣ, мубодила ё ирсолкунии баъзе аксҳо, мӯсиқи (инчунин рингтонҳо) ё мӯҳтавои дигар пешгирӣ намояд.

Файлҳои аудио: Дар натиҷаи гӯш кардани файлҳои аудиои баланд, хусусан бо гӯшпӯшакҳо, шумо метавонед аз шунавоӣ маҳрум шавед. Кӯшиш кунед, ки баландии овози гӯшпӯшакҳои худро, бо мақсади пахш намудани мағали берунаро, баланд накунед. Агар шумо нутқи хиррӣ ё гуввос шунавед, ба духтур муроҷиат намоед.

Тасвири огоҳӣ барои гумшавии шунавоӣ.

Камера: Агар смартфони шумо камера дошта бошад, объективи камераро бевосита ба тарафи офтоб ё нури равшани дигаре рост накунед. Ин рафтор метавонад ба чашмони шумо ё ба смартфони шумо зарари ҷиддӣ расонад. Ҳангоми истифодаи ҷароғи камера, чароғи LED‑ро аз чашмони шахс ақалан 50 см дуртар доред.

Антенна

Танҳо антеннаи дарунсохтеро, ки якҷоя бо смартфон таъмин карда мешавад, истифода намоед. Тағйироти беиҷозатии антенна ё таҷҳизот метавонад ба смартфон зарар расонад ва метавонад Қоидаҳои комиссияи федералии алоқаро (FCC) вайрон кунад.

Халали радиоэлектронӣ ба таҷҳизоти электронӣ

Кулли таҷҳизоти электронӣ аз таъсири сигналҳои радиоэлектронӣ ҳоилонда мешавад. Аммо, баъзе таҷҳизоти электронӣ метавонад аз таъсири сигналҳои радиоэлектронии смартфони шумо ҳоилонӣ карда набошад.

Кардиостимуляторҳо: Агар оиди таъсири сигналҳои радиоэлекронӣ ба кардиостимулятори худ маълумот гирифтан хоҳед, ба духтур ё истеҳсолкунандаи кардиостимулятори худ муроҷиат намоед. Мутмаин бошед, ки смартфони худро мувофиқи талаботҳои бехатарие, ки ба кардиостимулятори муқаррари шумо таалуқ доранд ва метавонанд талаботҳои зеринро дар бар гиранд, истифода намоед: доимо смартфони худро зиёда аз 7.88 дюйм (20 см) ҳангоми фаъолбудани смартфон аз кардиостимулятор дур нигоҳ доред, смартфони худро дар кисаи болоисинагӣ нагардонед ва ҳангоми фиристодан ва қабул кардани зангҳо гӯши муқобили кардиостимуляторро истфода намоед, то халали радиоэлектрикиро хурдтар кунед. Агар бо ягон сабабе гумон кунед, ки халали радиоэлектрикие ба миён меоаяд, ҳамаи пайвандиҳои бесими смартфони худро дарҳол қатъ намоед ва ба духтур муроҷиат кунед.

Таҷҳизоти шунавоӣ: Баъзе дастгоҳҳои рақамии алоқаи бесим метавонанд ба фаъолияти баъзе таҷҳизоти шунавоӣ таъсир намоянд. Дар ҳолати ба миён омадани чунин халалҳои радиоэлектрикӣ, ба таъминкунандаи хизматрасониҳои алоқаи бесим ё истеҳсолкунандаи таҷҳизоти шунавоӣ муроҷиат намуда, роҳи ҳалли масъала пурсед.

Смартфони шумо магнитометрро дар бар мегирад, ки бо барномаҳое, ба монанди Қутбнамо, истифода бурда мешавад. Агар барномае, ки магнитометрро истифода мебарад, барои таҷҳизоти шунавоии шумо халали радиоэлектрикӣ расонад, барномаро пӯшед.

Дастгоҳҳои дигари тиббӣ: Агар шумо ягон намуди дигари дастгоҳҳои шахсии тиббӣ истифода баред, ба истеҳсолкунанда муроҷиат намуда, муайян намоед, ки дастгоҳ аз нерӯи афканишоти радиоӣ дуруст ҳоилонӣ карда шуда бошад. Духтури шумо метавонад ба шумо барои гирифтани ин гуна маълумот ёрӣ расонад.

Ташкилотҳои тиббӣ: Ҳамаи пайвандиҳои бесими смартфони худро ҳангоми ҳузур дар ташкилотҳои тиббӣ, ки дар онҳо ин бо қоидаҳои дохилӣ манъ аст, хмӯш намоед. Беморхонаҳо ва ташкиолтҳои тиббӣ метавонанд таҷҳизоте истифода баранд, ки ба нерӯи афканишоти радиоии беруна ҳассос бошанд.

Ҳавопаймо: Қоидаҳои Маъмурияти федералии ҳавопаймоӣ (FAA) ва Комиссияи федералии алоқа (FCC) истифодаи смартфонҳои алоқаи радиоии бесимро ҳангоми парвоз иҷозат намедиҳанд. Тамоми пайвандиҳои бесими смартфони худро, пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо хомӯш кунед. Таъсири истифодаи смартфон ба алоқаи бесими дохили ҳавопаймо номаълум аст. Ин гуна истифодабарӣ метавонад ба таҷҳизот, иртибот ва фаъолияти ӯ таъсир намуда, ба кори шабака халал расонад ё ба тариқи дигаре барои ҳавопаймо хатарнок бошад ва ғайриқонунӣ бошад. Бо хомӯш будани ҳамаи пайвандиҳои бесими смартфони худ, мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳавопаймоӣ барои таҷҳизоти электронӣ танҳо барномаҳои ғайрирадиоии худро истифода намоед.

Минтақаҳои хатарнок

Смартфони шумо метавонад шарорадиҳанда бошад ва барои истифода дар минтақаҳои хатарнок, ки истифодаи смартфонҳои ғайри қобилияти шарорадиҳӣ талаб мешавад, инчунин бухорҳои газ, чанги тарканда, корфармонии таҷҳизоти ядроӣ, ҳавопаймоҳо, хидматҳои иртиботӣ, идоракунии ҳаракати ҳавопаймоӣ ва таъмини фаъолияти организм ё системаҳои мусаллаҳ, мувофиқ набошад.

Муҳити эҳтимолан тарканда: Агар шумо дар минтақае бошед ки муҳити эҳтимолан тарканда дошта бошад, ҳамаи пайвандиҳои бесими смартфони худро хомӯш намуда, ҳамаи ишораҳо ва дастурҳоро риоя намоед. Шарорае дар ин гуна минтақа метавонад таркиш ё сӯхтор ӣа миён орад, ки ба ҷароҳатҳо ё марг оварда расонад.

Минтақаҳои дорои муҳити эҳтимолан тарканда бисёри вақт, вале на ҳамеша, махсус ишора карда мешаванд. Инҳо минтақаҳое, ба монанди нӯқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ; саҳни киштиҳо; таҷҳизоти ҳамлу нақл ва нигоҳдории сӯзишворӣ ва моддаҳои кимиёвӣ; воситаҳои нақлиётие, ки гази моеъ истифода мебаранд; минтақаҳои бо ҳавое, ки моддаҳо ё зарраҳои кимиёвӣ, ба монанди ғелак, чанг ё гарди металлӣ доранд; ягон минтақаи дигаре, ки одатан дар он аз шумо талаб мешавад, ки муҳаррики воситаи нақлиётро хомӯш кунед.

Смартфони худро дар наздикии ихроҷи газ барои огоҳӣ намудан оиди ихроҷ истифода набаред. Аз маҳал дур шавед, ва агар дар смартфони шумо телефон дастрас ва фаъол бошад, аз ҷои бехатар телефон кунед.

Ҷойҳои таркишгарӣ: Ҳангоми ҳузур дар "ҷои таришгарӣ" ё ҷойҳои дигаре, ки таҷҳизоти радиоии дутарафа бояд хомӯш карда шавад, то ба корҳои таркишӣ халали радиоэлектронӣ расонида нашавад, ҳамаи пайвандиҳои бесими смартфони худро хомӯш намуда, ҳамаи ишораҳо ва дастурҳоро риоя намоед.

Ҳароратҳои истифодабарӣ ва нигоҳдорӣ

Смартфони шумо ва қувватдиҳандаи смартфон тарзе коркард шудаанд, ки дар ҳароратҳое, ки дар ҷадвали зерин пешбинӣ шудаанд, кор ва нигоҳ дошта шаванд:

Кор бо смартфон: аз 32 то 95°F (аз 0 то 35°C)

Нигоҳдории смартфон (камтар аз 3 моҳ): Аз -4 то 95°F (аз -20 то 35°C)

Нигоҳдории смартфон (3 моҳ ё бештар): аз 71,6 то 82,4°F (аз 22 то 28°C)

Кор бо қувватдиҳанда: аз 32 то 95°F (аз 0 то 35°C)

Нигоҳдории қувватдиҳанда: Аз -22 то 167°F (аз -30 то 75°C)

Истифода ё нигоҳ доштани смартфони шумо ё лавозимотҳои смартфони шумо берун аз доираи ҳароратҳои тавсияшуда метавонад сабаби гарм шудани смартфони шумо шавад, ки ин метавонад сабаби зарари ҷиддӣ ба саломатӣ, марг ё зарар ба смартфон, лавозимот, ё батареяи литий‑ионӣ зарар расонад.

Смартфони худро ё лавозимоти смартфони худро аз манбаҳои гармӣ, ба монанди гармдиҳандаҳо, плитаи хӯрокпазӣ ё таҷҳизотҳои дигаре (инчунин қувватфизоҳо), ки гармӣ меафкананд, дур нигоҳ доред. Агар смартфони худро дар муддати аз ду ҳафта зиёдтар истифода набаред, онро хомӯш намоед.

Тозакунӣ ва таъмири смартфон

Тозакунӣ: Воситаҳои тозакунии моеъ, аэрозол ё обкунандаро дар ё дар наздикии смартфони худ ё ловозимоти худ, аз ҷумла батарея, истифода набаред. Танҳо бо латтаи муллоими хушк тоза кунед. Пеш аз тозакунӣ ҳамаи симҳои пайвандӣ ба компютерро ва лавозимотҳои қувватдиҳиро аз васлак ҷудо намоед, ва танҳо баъд аз ин смартфони худро ё лавозимоти қувватдиҳандаро тоза кунед.

Таъмир: Смартфон ва лавозимоти қувватдиҳиро ислоҳ накунед, тағйир надиҳед ё ба қисмҳо ҷудо накунед. Кӯшиш накунед, ки батареяи ивазнашавандаи худро ҷойиваз кунед. Танҳо устоҳои боихтисос бояд лавозимоти смартфон ё смартфони шуморо таъмир кунанд ё батареяи онро иваз кунанд, ва бояд танҳо батареяҳоеро истифода барад, ки BlackBerry барои истифода бо смартфони муқаррари шумо таъин мекунад.

Агар яке аз ҳолатҳои зерин ба миён ояд, симҳои қувватдиҳиро аз компютер ё васлаки барқӣ ҷудо намуда, смартфон ё қувватдиҳандаи худро ба устоҳои боихтисос барои таъмир супоред:
  • Сим, вилка ё пайваскунандаи қувватдиҳанда хароб гашт.
  • Ба дохили смартфон ё лавозимоти қувватдиҳанда моеот рехт.
  • Ба дохили смартфон ё ба дохили лавозимоти қувватдиҳанда об рехтааст ё ҷисме ғалтонида шудааст.
  • Смартфон ё лавозимоти заряддиҳанда то андозае гарм мешаванд, ки онҳоро расида намешавад.
  • Смартфон ё таҷҳизоти қувватдиҳӣ ғалтонида шудааст ё ба тариқи дигаре хароб гардонида шудааст.
  • Смартфон ё таҷҳизоти заряддиҳанда ҳангоми корфармонӣ мувофиқи дастурҳои дохили дастурамали истифодабарнад дуруст кор намекунанд.
  • Зудии кори смартфон ё лавозимоти заряддиҳанда хеле тағйир ёфтааст.

Барои паст кардани хатари сӯхтор ё зарби электрикӣ танҳо он танзимотҳоеро тағир диҳед, ки дар дастурамали истифодабарандаи смартфони шумо зикр шудаанд. Тағирдиҳии нодурусти танзимоти дигар метавонад зараровар бошад ва бисёри вақт кори бардавоми устои боихтисосро, барои барқароркунии фаъолияти дурусти смартфон, лавозимоти қувватдиҳанда ё ягон лавозимоти дигари шумо, талаб менамояд.

Риоя накардани тамоми дастурҳои бехатарии дохили дастурамали истифодабарандаи смартфони кафолати маҳдудро барҳам медиҳад ва ба таваққуф ё раддияи хизматрасонӣ ба вайронкунанда ё муҳокимаи судӣ ё ҳардӯ.

Партофтани смартфон ва батареяҳо

Тасвири сабади партови манъшуда

Смартфони худро ё батареяро ба қуттиҳои партови хонагӣ ё оташ напартоед.

Тасвири тамғаи истеҳсоли такрорӣ

Смартфони шумо ва батарея ба қадри имкон бояд ба истеҳсоли такрорӣ супурда шаванд. Ин рамз маънои онро надорад, ки маводҳои истеҳсоли такрорӣ бояд истифода бурда шаванд.

Барои иттилооти истеҳсоли дубораи батарея ба 1-800-822-8837 занг занед

Дар Иёлоти муттаҳида ва Канада шумо метавонед смартфон ва батареяи худро тавассути барномаи Call2Recycle дубора истеҳсол кунед. Барои иттилооти бештар дар Иёлоти муттаҳида ба www.call2recycle.org гузаред ва дар Канада ба www.call2recycle.ca гузаред.

Барои гирифтани маълумот оиди баргардонидани смартфон ва лавозимоти худ ба BlackBerry барои аз нав кор карда баровардани онҳо ва партови бехатар, бо истифодаи браузери компютери худ ба www.blackberry.com/recycling ё https://tradeup.blackberry.com гузаред. Барномаҳои истеҳсолоти такрорӣ ва харидори бо супордани таҷҳизоти кӯҳна танҳо дар минтақаҳои муқаррар дастрас мебошанд.

Агар ин гуна барномаҳо дар минтақаи шумо фаъол набошанд, қонунгузории давлати худро оид ба партовҳои электронӣ тафтиш намоед.

Смартфони худ ва батареяи онро мутобиқи қонуну қоидаи давлати худ, ки тартиби партови ин гуна батареяҳоро муайян мекунад, партоед.

Маълумот оиди мувофиқат

Таъсири сигналҳои радиоӣ

Радиои смартфони шумо ҳамчун ирсолкунанда ва қабулкунандаи камқуввати радиоӣ мебошад. Он чуноне сохта шудааст, ки ба директиваи Комиссияи федералии алоқа (FCC) ва Вазорати саноати Канада (IC) ва дигар директиваҳои байналмилалии марбут ба сатҳҳои бехатари таъсири сигнали радиоӣ барои дастгоҳҳои бесим мувофиқ мебошад: Директиваҳои зикршуда бо мутахассисони илмии соҳибихтиёр, ҳукуматҳо ва ташкилотҳо, аз он ҷумла Институти муҳандисони электрикӣ ва электронӣ (IEEE) ва Шӯрои миллӣ оиди муҳофизат аз радиатсия ва ченакҳо (NCRP) эҷод карда шудаанд.

Барои нигоҳ доштани мувофиқат ба директиваҳои оиди нуфузи сигнали радиоии FCC, IC ва дигар дастурҳо ва маҳдудиятҳои байналмиллалӣ, смартфонро дар масофаи на кам аз 0,59 дюйм (1,5 см) аз бадани худ нигоҳ доред. Ҳангоми гардонидани смартфон дар бадан, танҳо лавозимоти дорои тиргаки тасмагӣ, ки бо BlackBerry тасдиқ шудааст, истифода намоед. Агар шумо ҷилде, ки бо BlackBerry таъмин нашудааст, ҳангоми гардонидани смартфон истифода баред, мутмаъин шавед, ки лавозимот металлҳо дар бар намегирад ва смартфонро дар масофаи на кам аз 0,59 дюйм (1,5 см) аз бадани худ нигоҳ доред.

Барои кам кардани нуфузи радиоӣ: (i) смартфонро дар минтақаҳои бо сигнали алоқаи бесими мустаҳкам истифода баред; (ii) имконоти дасти озодро истифода баред; ва (iii) давомнокии зангро кӯтоҳ кунед ё ба ивазаш паёми электронӣ, паёми матнӣ паёми BBM-ро ирсол кунед.

Коэффисиенти ҷаббиши қиёсӣ

ИН НАМУНАИ ДАСТГОҲИ АЛОҚАИ БЕСИМ БА ТАЛАБОТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИДИ НУФУЗИ МАВҶҲОИ РАДИОӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДА МУТОБИҚИ ДАСТУРИ ИН ФАСЛ МУВОФИҚ МЕБОШАД.

Смартфон тарзе сохта ва истеҳсол карда мешавад, ки маҳдудуиятҳои афканиши нерӯи радиоро, ки аз тарафи Ҳукумати ИМА мутобиқи дастурҳои фасли пештар риоя намояд. Ин маҳдудуиятҳо қисми маҷмӯи дастурҳо мебошанд ва сатҳи афканиши неруи радиои барои аҳолӣ иҷозатшударо муайян мекунанд. Дастурҳо дар асоси стандартҳое, ки бо ташкилотҳои мустақили илмӣ ба тариқи санҷиши даврӣ ва пурраи тадқиқотҳои илмӣ, гузошта мешаванд, эҷод мешаванд. Стандарти сатҳи нуфузи дастгоҳҳои бесим ченаке истифода мебарад, ки коэффисисенти ҷаббиши қиёсӣ ё КҶҚ номида мешавад. Маҳдудияти КҶҚ, ки бо FCC таъин шудааст, ба 1,6 Вт/кг баробар мебошад*. Санҷишҳои КҶҚ бо истифодаи маконҳои фаъолиятие, ки бо FCC таъин шудаанд, ва ирсолкунии иттилоот бо дастгоҳ дар сатҳи баландтарини санҷидаи қувва дар ҳамаи диапазонҳои радиоӣ гузаронида мешаванд. Ба он нанигариста, ки КҶҚ ҳангоми фаъолияти дастгоҳ дар сатҳи баландтарини санҷидаи қувва муайян карда мешавад, сатҳи аслии КҶҚ‑и дастгоҳ аз қимати бузургтарин хеле кам шавад. Ин бо сабаби он аст, ки дастгоҳ барои фаъолият дар якчанд сатҳи қувва сохта мешавад, то танҳо он сатҳи қувваро истифода барад, ки ба шабака пайваст шуда истад. Умуман, чӣ қадаре ба нуқтаи васли антеннаи алоқаи бесим наздиктар бошед, ҳамон қадар сатҳи қувваи сарфшуда паст мешавад.

Сатҳи баландтарини КҶҚ барои ин смартфон ҳангоми санҷиш, дар поён пешниҳод мешаванд:

Смартфон

КҶҚ (Вт/кг) барои 1 г.

Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (рақами намуна RGV161LW)

1,35

Сатҳи баландтарини КҶҚ барои ин смартфон ҳангоми санҷиш дар ҷилди тасдиқшудаи BlackBerry бо тиргаки тасмагии дарунсохт ё дар масофа 0,59 дюйм (1,5 см) дур аз бадан:

Смартфон

КҶҚ (Вт/кг) барои 1 г.

Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (рақами намуна RGV161LW)

1,49

Сатҳи баландтарини КҶҚ барои ин смартфонт, вақте ки смартфон дар реҷаи "Нуқтаи дастрасии мобилӣ" кор мекунад:

Смартфон

КҶҚ (Вт/кг) барои 1 г.

Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (рақами намуна RGV161LW)

1,38

Ченкунакҳои пӯшидашаванда (масофаи ҷудокунии тавсияшуда) байни дастгоҳҳои бесим фарқ мекунанд, аз он ҷумла байни смартфонҳо вобаста аз лавозимоти дастрас ё таъминшуда мувофиқи талаботи FCC ва IC.

FCC барои ин смартфон Меъёрҳои таҷҳизотеро таъмин кард, ки дар асоси сатҳҳои КҶҚ-и гузоришшуда ба дастури оиди афканишоти радиоии FCC ҳангоми истифодаи смартфон мувофиқи талаботи ин фасл мутобиқат мекунанд. Маълумоти КҶҚ барои ин смартфон ба FCC супорида шудааст ва ӯро дар фасли Display Grant‑и www.fcc.gov/oet/ea ба тариқи ҷӯстани идентификатори FCC‑ии смартфони шумо, ки аз поён гирифта метавонед, дидан мумкин аст.

Смартфон

FCC ID

Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (рақами намуна RGV161LW)

L6ARGV160LW

Маълумоти иловагӣ дар бораи КҶҚ дар www.ctia.org (CTIA - The Wireless Association) ё www.tele.soumu.go.jp/e/index.htm (Бюрои телекоммуникатсионии вазорати корҳои дохилӣ ва алоқаҳо) ёфт карда мешавад.

___________________________________

* дар Иёлоти Муттаҳида ва Канада, маҳдудияти КҶҚ­и барои дастгоҳҳое, ки ҷамъият истифода мебарад ба 1.6Вт/кг баробар буда бо 1 г бофта барои бадан ё сар (4.0Вт/г барои 10 г бофтаи дасту по ‑ панҷаҳои дасту по) ба ҳисоби миёна оварда шудааст.

Баёнияи мувофиқат ба FCC (Иёлоти Муттаҳида)

FCC Class B Part 15

Ин смартфон ба қисми 15 Қоидаҳои комиссияи федералии алоқа (FCC) мувофиқ аст. Истифодаи смартфон бо ду шарти зерин иҷро мешавад: (1) ин смартфон халалҳои радиоӣ ба вуҷуд оварда наметавонад, ва (2) ин смартфон халалҳои радиоии гирифтаашро қабул менамояд, инчунин халалҳои радиоие, ки метавонанд сабаби фаъолияти номатлуби ӯ шаванд.

ОГОҲӢ:
Тағиротҳо ба ин дастгоҳ, ки бевосита бо тарафе, ки барои мувофиқати ӯ масъулнок аст, метавонад ҳуқуқи корбарро барои истифодаи ин таҷҳизот барҳам диҳад.

Ин таҷҳизот озмуда шудааст ва ба маҳдудиятҳои дастгоҳҳои рақамии дараҷаи В мувофиқи қисми 15 қоидаҳои FCC мувофиқ аст. Ин маҳдудиятҳо барои пешгирӣ намудани халалҳои зарарнок дар биноҳои манзилӣ пешбинӣ шудаанд. Ин таҷҳизот нерӯи афканишоти радиоӣ эҷод, истифода ва паҳн менамояд, ва агар мувофиқи дастури истиҳсолкунанда насб нашавад, метавонад халаҳои радиоӣ ба миён орад, ки ба алоқаи радиоӣ таъсири манфӣ намояд.

Аммо, кафолат дода намешавад, ки агар таҷҳизот дуруст насб шавад, халалҳо ба вуҷуд намеоянд. Агар ин таҷҳизот ба қабули сигнали радиоӣ ё телевизионӣ халалӣ зарарнок ба вуҷуд орад, ки ин ба тариқи ба кор даровардан ва хомӯш кардани таҷҳизот санҷида мешавад, аз корбар хоҳиш карда мешавад, ки ба тариқи усулҳои зерин ин гуна халалҳоро бартараф намояд: самт ё мавқеи антеннаи гирандаро тағйир диҳед, таҷҳизот ва гирандаро ба манбаҳои қувваи барқи мухталиф пайваст намоед, ё барои гирифтани дастгирӣ ба фурӯшанда ё устои радио ва телевизиони таҷрибадоре муроҷиат намоед.

Маълумот барои ИМА оиди талаботҳои Комиссияи федералии алоқа (FCC) барои мувофиқати дастгоҳҳои бесим ба таҷҳизотҳои шунавоӣ

Ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои алоқаи бесим дар наздикии дастгоҳҳои шунавоӣ (ба монанди таҷҳизоти шунавоӣ ё кохлеоимплантҳо), истифодабарндагон метавонанд мағалҳои гуногун шунаванд. Баъзе дастгоҳҳои шунавоӣ аз ин гуна халалҳо хубтар муҳофизат мешаванд ва дастгоҳҳои алоқаи бесим инчунин бо сатҳи бароварди халалҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Соҳаи истеҳсолоти телефонҳои бесим барои дастгирӣ намудани истифодабарнадагони таҷҳизоти шунавоӣ барои интихоб намудани дастгоҳҳои алоқаи бесим баҳогузорӣ таъин намудааст. На ҳама дастгоҳҳои алоқаи бесим санҷида шудаанд. Дастгоҳҳои алоқаи бесиме, ки баҳо гузошта шудаанд, ин баҳоро дар назди маълумоти дигари рӯи қутии худ нигоҳ медоранд.

Баҳоҳо кафолат намебошанд. Натиҷаҳо аз дастгоҳи шунавоӣ ва сатҳи мушкилии шунавоӣ вобастаанд. Агар таҷҳизоти шунавоии шумо ба халалҳо ҳассос бошад, эҳтимол, дастгоҳи баҳодоштаи алоқаи бесимро бо муваффақият истифода бурда наметавонед.

Роҳи беҳтарини тафтиши мувофиқати дастгоҳи алоқаи бесим, санҷиши ӯ дар якчоягӣ бо таҷҳизоти шунавои ва гирифтани маслиҳати духтури худ мебошад.

Ин смартфон санҷида шуда, барои истифода бо таҷҳизоти шунавоӣ барои баъзе технологияҳои бесиме, ки бо смартфон истифода мешаванд, мувофиқ мебошад. Аммо технологияҳои бесими дигаре метавонанд дар ин смартфон истифода шаванд, ки барои истифодаи якҷоя бо таҷҳизоти шунавоӣ санҷида нашудаанд. Муҳим аст, ки қисмҳои гуногуни смартфони худро бодиққат ва дар ҷойҳои гуногун санҷед, ки ягон садои дигар вақти истифодаи ин смартфони бо таҷҳизоти шунавоии ё дигар таҷҳизотҳо дахолат мекунад ё не. Ба провайдери хизматрасонии бесими худ мурочиат намуда, оиди сиёсати баргардонидан ва ивазкунӣ, ва оиди мувофиқати таҷҳизоти шунавоӣ маълумот гиред.

Тарзи баҳогузорӣ

Баҳогузории М: Дастгоҳҳои алоқаи бесиме, ки баҳои М3 ё М4 гирифтаанд, ба талаботҳои FCC ҷовобгӯ мебошанд, ва эҳтимол, ба таҷҳизоти шунавоӣ нисбат ба дастгоҳҳое, ки баҳо дода нашудаанд, халалҳои камтар ба вуҷуд меоранд. М4 аз ҳардӯ баҳои хубтар ва баландар мебошад.

Баҳогузории Т: Дастгоҳҳои алоқаи бесиме, ки баҳои Т3 ё Т4 гирифтаанд, ба талаботҳои FCC ҷавобгӯ буда, эҳтимол, дар якҷоягӣ бо коммутатори телефонии таҷҳизоти шунавоӣ, нисбат ба дастгоҳҳое, ки баҳо гузошта нашудаанд, хубтар кор мекунад. Т4 аз ҳарду баҳои хубтар ва баландтар мебошад. (Дар ёд доред, ки на ҳама таҷҳизотҳои шунавоӣ коммутатори телефонӣ дар бар мегиранд).

Таҷҳизоти шунавоӣ инчунин метавонад барои муҳофизатшудан аз ин гуна халал санҷида шавад. Истеҳсолкунандаи таҷҳизоти шунавоӣ ё духтури шумо метавонанд дар чустуҷӯи натиҷаҳои санҷиши таҷҳизоти шунавоии шумо ёри расонанд. Чӣ қадаре, ки таҷҳизоти шунавоии шумо аз таъсири халалҳо муҳофиҳат шуда бошад, ҳамон қадар эҳтимолияти шунидани мағали халалрасон аз дастгоҳи алоқаи бесими шумо кам мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештар оиди чорабиниҳое, ки FCC нисбати мувофиқати таҷҳизотҳои шунавоӣ бо дастгоҳои алоқаи бесим пешбинӣ намудааст ва фаъолияти дигаре, ки FCC барои кафолат намудани дастрасии технологияҳои иртибот ба шахсони маъюб иҷро намудааст, ба www.fcc.gov/cgb/dro гузаред.

Тадқиқоти Вазорати саноати Канада

Ин смартфон ба талаботҳои стандарт(ҳо)и RSS истифодабарии бе литсензиявии вазорати саноати Канада мувофиқ мебошад. Истифодаи смартфон бо шартҳои зерин ичозат дода мешавад: (1) ин смартфон халалҳои радиоӣ ба вуҷуд оварда наметавонад, ва (2) ин смартфон халалҳои радиоии гирифтаашро қабул менамояд, инчунин халалҳои радиоие, ки метавонанд сабаби фаъолияти номатлуби смартфон шаванд.

Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3 (рақами намуна RGV161LW) ба талаботи RSS 102, RSS 130, RSS 132, RSS 133, RSS 139, RSS 199, RSS-GEN ва RSS 210 вазорати саноати Канада мутобиқи шаҳодатнома бо рақами 2503A-RGV160LW ҷавобгӯ мебошад.

Фаъолияти смартфон дар диапазони 5150-5250 МҲтс танҳо барои истифода дар дохили биноҳо барои кам кардани иқтидори халали зарарнок ба системаҳои мутаҳаррики радифӣ пешбинӣ мешавад.

Тақвияти баландтарини антенна, ки барои смартфонҳо дар диапазонҳои 5250-5350 МҲтс ва 5470-5725 МҲтс иҷозат шудааст, бояд ба маҳдудияти EIRP мутобиқ бошад.

Тақвияти баландтарини антенна, ки барои смартфонҳо дар диапазони 5725-5825 МҲтс иҷозат шудааст, бояд ба маҳдудияти EIRP, ки барои иртиботи дунуқтагӣ ё ғайридунуқтагӣ муайян карда шудааст, мутобиқ бошад.

Дар ёд гиред, радарҳои пуриқтидор ҳамчун истифодабарндагони асосии (яъне якумдараҷаи) диапазонҳои 5250-5350 МҲтс ва 5650-5850 МҲтс буда, ин радарҳо метавонанд халалҳо ба вуҷуд оранд ва/ё ба смартфонҳои LE-LAN зарар расонанд.

Мувофиқат ба Дараҷаи B

Ин смартфон ба маҳдудиятҳои Дарачаи B оиди ҳосили мавчхои халалрасони радио чавобгӯ аст, ки дар стандарти барои тачҳизоти ҳосилкунанда бо номи «Тачҳизоти технологияҳои иттилооти (ITE) – маҳдудиятҳо ва усулҳои санчиш", ICES-003 вазорати саноати Канада, пешбини шудаанд.

Мутобиқат ба қонуну қоидаҳои иловагӣ

Маълумоти бештар оиди мутобиқат ба ташкилотҳои стандартӣ ва нормативӣ барои смартфони шумо метавонад аз BlackBerry дастрас карда шавад.

Модули сенсори лазерӣ дар ин смартфон ба стандартҳои Комиссияи электротехникии байналмилалии зерин ҷавобгӯ мебошад: IEC/EN 60825-1 2007-03 ED 2.0.

Барои дидани идентификатори FCC, рақами эътиборсанҷии IC, иттилооти намуна ва мувофиқати смартфони худ, дар экрани асосӣ, экранро аз боло ба поён молед. Ба Танзимот > Дар бораи телефон зарба занед, ва Маълумоти тасдиқотро аз рӯйхати кушодашаванда интихоб намоед.

Иттилооти маҳсул: Смартфони BlackBerry Passport SQW100-3

Хусусиятҳои механикӣ:

Вазн: тахминан 6,9 унсия (194,4 г) бо ҳисоби батареяи литий‑ионӣ

Андоза (L x W x H): 5 x 3,6 x 0,4 дюйм. (128 x 90,3 x 9,3 мм)

Ҳофизаи 3 ГБ, Захирагоҳи барномаи 32 ГБ, Слоти корти microSD

Хусусиятҳои модули сенсори лазери зерин метавонанд ба смартфони шумо татбиқ шаванд:

Маҳсули лазерии синфи 1

Қувваи миёнаи радиатсияи зиёдтарин: 0,18 mW

Маълумот оиди қувват:

Батареяи литий-ионии қувватгиранда ва ивазнашаванда

Кортҳои нано SIM 3 волт ва 1,8 волтро дастгирӣ менамояд

Мутобиқати порт барои ҳамоҳангсозии иттилоот ва қувватдиҳӣ: micro USB 2.0, micro USB 3.0

Хусусиятҳои шабакаи радиоии мобилӣ:

Дастгирии диапазони Novem LTE: LTE 700, LTE 800, LTE 850, LTE 900, LTE 1700, LTE 1800, LTE 1900, LTE 2100, LTE 2600 МҲтс диапазон

Дастгирии диапазони Penta HSPA+: UMTS 800/UMTS 850, UMTS 900, AWS 1700, PCS 1900, IMT 2100 МҲтс диапазон

Дастгирии чордиапазонаи GSM: GSM 850, GSM 900, DCS 1800, PCS 1900 МҲтс диапазон

Дараҷаи қувва: Дараҷаи 1 (DCS 1800, PCS 1900), Дараҷаи 4 (GSM 850) мутобиқи GSM 5.05, Дараҷаи 4 (GSM 900) мутобиқи GSM 02.06, Дараҷаи E2 (GSM 850, GSM 900, DCS 1800, PCS 1900), Дараҷаи 3 (UMTS, LTE)

Суръати ирсолкунӣ: аз 704 to 716 МҲтс, аз 824 то 849 МҲтс, аз 830 то 840 МҲтс, аз 832 то 862 МҲтс, аз 880 то 915 МҲтс, аз 850 то 1910 МҲтс, аз 1710 то 1755 МҲтс, аз 1710 то 1785 МҲтс, аз 1850 то 1910 МҲтс, аз 1920 то 1980 МҲтс, аз 2500 то 2570 МҲтс

Суръати қабулкунӣ: аз 734 то 746 МҲтс, аз 791 то 821 МҲтс, аз 869 то 894 МҲтс, аз 875 то 885 МҲтс, аз 925 то 960 МҲтс, аз 1805 то 1880 МҲтс, аз 1930 то 1990 МҲтс, аз 2110 то 2155 МҲтс, аз 2110 то 2170 МҲтс, аз 2620 то 2690 МҲтс

Хусусиятҳои шабакаи радиоии  Wi-Fi:

Шабакаи стандартии LAN: IEEE 802.11a, IEEE 802.11ac, IEEE 802.11b, IEEE 802.11g, IEEE 802.11k, IEEE 802.11n, IEEE 802.11r

Суръати ирсолкунӣ ва қабулкунӣ барои IEEE 802.11b/IEEE 802.11g/IEEE 802.11k/IEEE 802.11n/IEEE 802.11r: аз 2,412 to 2,472 ГҲтс

Суръати ирсолкунӣ ва қабулкунӣ барои IEEE 802.11a/IEEE 802.11ac/IEEE 802.11k/IEEE 802.11n/IEEE 802.11r: аз 5,180 то 5,825 ГҲтс

Хусусиятҳои радиоии  Bluetooth:

Дастгирии якдиапазона: ISM 2,4 ГҲтс

Суръати ирсолкунӣ ва қабулкунӣ: аз 2402 то 2480 МҲтс

Bluetooth Дараҷаи 1

Агар смартфони шумо технологияи NFC‑ро дастгирӣ намояд, ба ӯ таснифоти зерин тааллуқ дорад:

Суръати фаъолият: 13,56 МҲтс

Реҷаҳои дастгиришаванда: хонанда/нависанда, сохтакори корт, нуқта‑нуқта

Хабарномаи хаттӣ

©2015 BlackBerry. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд. BlackBerry® ва тамғаҳои алоқаманд, номҳо ва аломатҳои тиҷоратӣ моликияти BlackBerry Limited мебошанд ва/ё дар ИМА ва кишварҳои дигар аз тамоми ҷаҳон ба қайд гирфта/истифода шудаанд. Bluetooth тамғаи тиҷоратии Bluetooth SIG мебошад. Call2Recycle тамғаи тиҷории Call2Recycle, Inc мебошад. CTIA - The Wireless Association тамғаи тиҷоратии CTIA ‑ Иттиҳодияи бесим мебошад. GSM тамғаи тиҷоратии Иттиҳодияи GSM MOU мебошад. IEEE Std 1725, IEEE 802.11a, 802.11b, 802.11g, IEEE 802.11ac, 802.11k, 802.11r, ва 802.11n тамғаҳои тиҷоратии ҶДММ Институти муҳандисонӣ электрикӣ ва электронӣ мебошад LTE ва UMTS тамғаҳои тиҷоратии Институти стандартҳои телекоммуникатсионии Аврупо (ETSI) мебошад. PMA Certified ва тамғаҳои PMA Certified қайдҳои гувоҳиномаи Power Matters Alliance, Inc. (PMA) мебошад. Рамзи "Qi" тамғаи тиҷории Консортсиуми неруи бесим мебошад. Wi-Fi тамғаи тиҷоратии Wi-Fi Alliance мебошад. Ҳамаи тамғаҳои дигар моликияти моликони мувофиқ мебошанд. Ин санад ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба онҳо истинод оварда мешавад, ба монанди ҳуҷҷатҳое, ки дар вебсайти BlackBerry дастрасанд, ба тарзи "чӣ тавре ҳаст" ва бе ягон шарт, кафолат, итминон, гарав ё масъулиятнокии BlackBerry Limited ва ширкатҳои шарики ӯ, ки ҳамаи онҳо бевосита то он дараҷае, ки қонунгузории давлати шумо иҷозат дода мешавад, аз ҷовобгарӣ даст мекашанд.

Шартҳои истифодаи маҳсулотҳо ва хидматҳои BlackBerry дар созишномаи иҷозатнома ё дигари бо BlackBerry пешбинӣ мешаванд. ЯГОН БАНДИ ИН ҲУҶҶАТ БАРОИ ҶОЙГУЗИН НАМУДАНИ СОЗИШНОМАҲО Ё КАФОЛАТҲОИ ХАТТИИ BlackBerry БАРОИ ЯГОН МАҲСУЛОТ Ё ХИДМАТИ BlackBerry, КИ ДАР ИН ҲУҶҶАТ ПЕШБИНӢ НАШУДААНД, ПЕШБИНӢ НАМЕШАВАД.


BlackBerry Limited
2200 University Avenue East
Waterloo, Ontario
Канада N2K 0A7

BlackBerry UK Limited
200 Bath Road
Slough, Berkshire SL1 3XE
Бритониёи Кабир.

дар Канада интишор ёфтааст